Марде, ки дар Екатеринбург аз тиреза ба роҳгузарон тир кушод, боздошт шуд

Дар Екатеринбург шаби гузашта марде аз тирезаи бинои истиқоматӣ ба сӯйи раҳгузарон оташ кушод. Марди тирандоз корманди собиқи пулис будааст. Ӯ ҳангоми амалиёт ба муқобили кормандони Гвардия ва СОБР низ тир кушодааст.  Тибқи иттилоъи як манбаъи интизомӣ, барои боздошти ин нафар норинҷаки сабук истифода шудааст. Дар натиҷаи тирпарронӣ як духтар ва як корманди Гвардия ҷароҳат бардоштаанд. Хадамоти […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар Екатеринбург шаби гузашта марде аз тирезаи бинои истиқоматӣ ба сӯйи раҳгузарон оташ кушод.

Марди тирандоз корманди собиқи пулис будааст. Ӯ ҳангоми амалиёт ба муқобили кормандони Гвардия ва СОБР низ тир кушодааст. 

Тибқи иттилоъи як манбаъи интизомӣ, барои боздошти ин нафар норинҷаки сабук истифода шудааст. Дар натиҷаи тирпарронӣ як духтар ва як корманди Гвардия ҷароҳат бардоштаанд.

Хадамоти матбуоти ҳавзаи Урали Гвардияи Миллии Федератсияи Русия ба ТАСС гуфтааст, ки дар натиҷаи ҳамлаи СОБР-и Гвардияи Русия гумонбаршуда дар манзилаш боздошт ва ба намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ супорида шудааст.

Ин бори дуюм аст, ки дар Русия дар як моҳи ахир ҳаводиси тирпавронӣ ба сӯйи шаҳрвандон рух медиҳад. Чанде пештар дар Қазон ҳам ин гуна ҳодиса рух дода буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.