10 шаҳрванди бандмонда дар Осетияи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд

Сафаорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, 10 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Осетияи Ҷанубӣ банд монда буданд, раҳо кардаву ба Тоҷикистон баргардонидааст. Сафорат дар ак хабарнома гуфтааст, ки “ин шаҳрвандон муҳлати зиёд дар Осетияи Ҷанубӣ дар монда буданд ва имкониати ба ватан баргаштанро надоштанд”.   Дар хабарномаи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав омадааст, ки  ин нафарон бо ташаббуси […]

Сафаорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, 10 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Осетияи Ҷанубӣ банд монда буданд, раҳо кардаву ба Тоҷикистон баргардонидааст.

Сафорат дар ак хабарнома гуфтааст, ки “ин шаҳрвандон муҳлати зиёд дар Осетияи Ҷанубӣ дар монда буданд ва имкониати ба ватан баргаштанро надоштанд”.  

Дар хабарномаи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав омадааст, ки  ин нафарон бо ташаббуси ин ниҳод аз Осетия берун оварда шудаанд. 

“Барои ин нафарон аз ҷониби мақомоти Русия бо дархости Намояндагии дипломатӣ роҳи транзитӣ кушода шуда ва бо воситаи нақлиёт давоми се шабонарӯз ба Фурудгоҳи байналмилаии "Внуково" оварда шуданд”,-мегӯяд Сафорат.

Дар мавридми ҳувияти ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар хабарномаи сафорат чизе гуфта нашудааст ва ҳамчунин далели барои муҳлати зиёд банд мондани онҳо низ зикр нашудааст.

Вале ба далели ин ки Осетияи Ҷанубиро ба унвоняи як кишвари мустақил аксари давлатҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон эътироф накардаанд, ҳангоме ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар аз қаламрави Русия ворид мешаванд, барои берун рафтан ба мушкили ҳуқуқӣ дучор меоянд.

Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон, ки ҳоло худро кишвари мустақил эълон кардаанд, то соли 2008 қаламрави Гурҷистон шинохта мешуданд. Русия, моҳи августи соли 2008, пас аз ҷанги панҷрӯза бо Гурҷистон ин ду минтақаро ҳамчун давлатҳои мустақил ба расмият шинохт.

Тоҷикистон ин кишварро ба расмият нашинохтааст ва мантиқан санадҳоеро, ки ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон содир кардааст, эътироф намекунад. Аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар ба мушкилоти ҳуқуқӣ гирифтор мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорати Тоҷикистон дар гузашта ҳам аз шаҳрвандони Тоҷикистон борҳо хоста буд, ки аз сафар ба ин минтақаҳо худдорӣ кунанд, то бо мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд.

Дар гузашта ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон дар монда буданд ва бо подармиёнии Сафорати Тоҷикистон дар Русия берун оварда шуданд.

Дар мавриди ҳодисаи ахир, Сафорати Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳангоми сафари ин шаҳрвандон, ки миёни онҳо зану кӯдакҳо низ буданд, онҳоро бо ҷойи хоб ва ғизо таъмин кардааст.   

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

                          

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.