Доир ба тайёркунии афсарони тоҷик дар макотиби олии ҳарбии Ӯзбекистон тавофуқ ҳосил шуд

Байни ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ба мактабҳои олии ҳарбии кишвари ҳамсоя тавофуқ ҳосил шуд. Акнун афсарони ояндаи тоҷик ҳуқуқ пайдо намуданд, ки аллакай аз соли хониши оянда ба мактабҳои олии ҳарбии Ӯзбекистон қабул шаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Зикр шуд, ки айни замон масъалаи ҳамасола […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Байни ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ба мактабҳои олии ҳарбии кишвари ҳамсоя тавофуқ ҳосил шуд.

Акнун афсарони ояндаи тоҷик ҳуқуқ пайдо намуданд, ки аллакай аз соли хониши оянда ба мактабҳои олии ҳарбии Ӯзбекистон қабул шаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Зикр шуд, ки айни замон масъалаи ҳамасола чӣ миқдор квота ҷудо шудан аз ҷониби Ӯзбекистон барои таҳсил ва бо кадом ихтисосҳо тайёр кардани афсарони тоҷик дар кишвари ҳамсоя мувофиқа мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ҳамасола ҳудуди 400 нафар ҷавонони тоҷик ба мактабҳои олии ҳарбӣ қабул мешаванд.

Аз ин шумор Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳар сол 250 нафар афсарони ояндаи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро ба таҳсил фаро мегирад.

Боқимонда 150 нафар, мувофиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ, ҳамасола ба мактабҳои олии ҳарбии Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва акнун Ӯзбекистон қабул мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, бо супориши президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳар сол наздики 80 нафар афсарони ояндаи артиши миллӣ ба мактабҳои олии ҳарбӣ бе супурдани имтиҳон танҳо баъди гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва суҳбат қабул карда мешаванд.

Бо дастури президент, чунин имтиёз танҳо ба ятимони кулл, ҷавонони бепарастормонда ва ҷавонон аз оилаҳои камбизоат дода мешавад.

Ба ҳамаи хатмкардагони мактабҳои олии ҳарбии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки Тоҷикистон бо онҳо дар бораи тайёр кардани мутахассисони ҳарбӣ созишномаи дахлдор дорад, рутбаи ҳарбии лейтенант дода шуда, Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бо ҷойи корӣ таъмин кардани онҳоро кафолат медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.