Коршиносони тоҷику ӯзбек сафари ояндаи Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон баррасӣ мекунанд

Дар остонаи сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-12 июн дар назар аст, имрӯз, 3 июн дар маҷлисгоҳи Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ дар Душанбе таҳти унвони “Нуқтаҳои нави рушд, густариши минбаъда ва таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Конфронс аз ҷониби Донишкадаи байнулмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон ва Маркази тадқиқоти […]

Дар остонаи сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-12 июн дар назар аст, имрӯз, 3 июн дар маҷлисгоҳи Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ дар Душанбе таҳти унвони “Нуқтаҳои нави рушд, густариши минбаъда ва таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.

Конфронс аз ҷониби Донишкадаи байнулмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон созмон дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар кори конфронс зиёда аз 40 нафар коршиносону сиёсатмадорон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат меварзанд.

Назди иштирокчиёни конфронс директори Донишкадаи байнулмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон Анвар Носиров ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Хршеди Зиё маърӯза мекунанд.

Сафири Ӯзбекистон дар Душанбе Эргаш Шоисматов ва собиқ сафири Тоҷикистон дар Тошканд, айни замон – муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ҳамраисони конфронси мазкур мебошанд.

Зикр шуд, ки ба ин конфронс кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ даъват шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.