Вазири энергетикаи Эрон ба Душанбе омад

Date:

Вазири энеретикаи Эрон Ризо Ардакониён имрӯз ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон ба Душанбе омад.

Дар бораи таърихи баргузории ҷаласа чизе гуфта нашуда, лекин тавре ИРНА хабар медиҳад, дар доираи ин сафар Ризо Ардакониён ҳамчунин  бо ҳамтои тоҷики худ Далер Ҷумъа дидору гуфтушунид мекунад.

Ҳамчунин ҷиҳати баррасии масоили рушди ҳамкории иқтисодӣ байни кишварҳо ӯ бо дигар шахсони расмии кишвар низ мулоқот хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон моҳи декабри соли 2019 дар Теҳрон доир гардида буд.

Он замон ҷонибҳо роҳу воситаҳои рушд ва густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф, фарҳанг, варзиш,  тандурустӣ, хоҷагии об ва энергетика, телевизиону радио, нақлиёт ва дигар соҳаҳо баррасӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...