Изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Покистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 июн дар робита ба ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандони Покистон бар асари бархурди садамавии қатораҳои мусофирбар ба сарвазири ин кишвар Имрон Хон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки “хабари ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 июн дар робита ба ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандони Покистон бар асари бархурди садамавии қатораҳои мусофирбар ба сарвазири ин кишвар Имрон Хон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки “хабари ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари бархурди садамавии қатораҳо дар музофоти Синди боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.

“Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба мардуми дӯсти Покистон аз Ҷаноби Олй хоҳишмандам, ки ҳамдардии моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд. Ба пайвандони онҳо аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил ва ба маҷрӯҳшудагон шифои комил хоҳонам», – омадааст дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки дар минтақаи ҷанубу шарқи Покистон бар асари бархӯрди садамавии ду қатораи мусофирбар дастикам 40 нафар ҳалок шуда, даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора ВВС хабар медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.