Дидори Рустами Эмомалӣ бо шаҳрдори Кобул дар Душанбе

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 7 июн бо раиси шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй мулоқот намуд. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, раиси шаҳри Душанбе роҳбарияти шаҳри Кобулро ба пойтахти Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвари бародар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 7 июн бо раиси шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй мулоқот намуд.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, раиси шаҳри Душанбе роҳбарияти шаҳри Кобулро ба пойтахти Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвари бародар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ҳарду кишвар рушду густариш меёбанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди вусъатёбандаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили мушаххаси тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди байни пойтахтҳои ҳарду давлат-шаҳрҳои Душанбе ва Кобул мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ба масъалаҳои ба роҳ мондани тамосу муколамаи мунтазам ҷиҳати табодули таҷриба дар соҳаи шаҳрдорӣ ва рушди инфрасохтор‚ татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳо ва барномаҳои равобити фарҳангию гуманитарӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.