Дар шаҳри Ухани музофоти Хубэйи Чин охири моҳи март пас аз чанд рӯзи дар он ҷо ба қайд гирифта нашудани ягон ҳолати беморӣ аз коронавирус реҷаи карантини шадиди думоҳа бекор шуд.
Фаъолияти аксари корхонаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр аллакай барқарор шудааст. Аз 8-уми апрел маҳдудияти равуо бо дигар маҳаллаҳои аҳолинишин пурра аз байн бардошта мешавад. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.
Ухан аввалин шаҳр дар ҷаҳон аст, ки аз ин ҷо моҳи декабри соли 2019 паҳншавии COVID-19 оғоз гардид. Аз 11 млн аҳолии ин шаҳр замони эпидемия (ҳамагирии беморӣ) 50 ҳазор нафар аз беморӣ сироят ёфта, 2,5 ҳазор нафар бар асари он фавтиданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.