Лоиқ Раҷабов дар ним дақиқа ҳарифашро нокаут кард

Дар мавсими доимии Лигаи размикорони касбии PFL намояндаи Тоҷикистон Лоиқ Раҷабов, иштирокчии рақобати финалии мавсими гузашта бо намояндаи Русия Аҳмед Алиев қувваозмоӣ кард. Пеш аз қувваозмоӣ мутахассисон бартариятро ба Алиев дода буданд, лекин ҳамагӣ пас аз 21 сонияи оғози қувваозмоӣ ӯ аз самти чапи сараш зарбаи сахт гирифта, довар дигар ба идомаи қувваозмойӣ иҷоза надод. […]

Asia-Plus

Дар мавсими доимии Лигаи размикорони касбии PFL намояндаи Тоҷикистон Лоиқ Раҷабов, иштирокчии рақобати финалии мавсими гузашта бо намояндаи Русия Аҳмед Алиев қувваозмоӣ кард.

Пеш аз қувваозмоӣ мутахассисон бартариятро ба Алиев дода буданд, лекин ҳамагӣ пас аз 21 сонияи оғози қувваозмоӣ ӯ аз самти чапи сараш зарбаи сахт гирифта, довар дигар ба идомаи қувваозмойӣ иҷоза надод. Дар ин бора sport24.ru хабар медиҳад.

Худи Раҷабов доварро ба боздошти қувваозмойӣ даъват намуда, аз вазъияти ҳарифаш нигаронӣ дошт.

Чунин натиҷа ба Лоиқ ҷиҳати гирифтани роҳхат ба даври нимфиналӣ имкон дода, Аҳмед аз мусобиқаи минбаъда барои дарёфти миллион маҳрум шуд. Акнун Раҷабов дар ММА 11 ғалаба ва 3 бохт дорад. Алиев бошад, 7 бохту 20 ғалаба дорад.

Бо роҳхат ба даври нимфиналӣ Лоиқ боз имкон пайдо намуд, ки мисли соли пешин барои дарёфти миллион доллар рақобатро идома диҳад. Ғолиби даври финалии мусобиқаи PFL соҳиби 1 миллион доллар мешавад.

https://www.youtube.com/watch?v=wKbQnYwyRBk

Соли 2020 дар даври финалии Шоҳ-ҷоиза (Гран-при)-и PFL Лоиқ Раҷабов аз размикори бразилиягӣ Натан Шулта шикаст хӯрд. Размикори тоҷик имсол низ омода аст, ки ба даври финалӣ роҳ ёфта, боз як бори дигар талош варзад, ки соҳиби миллион доллар шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.