Бархе амволи пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба Тоҷикистон дода мешаванд

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки лоиҳаи протоколро дар бораи ба ихтиёри ҷумҳурӣ додани амволи ғайриманқули аз воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи низомии Русия боқимонда маъқул шуморанд. Ин санад дар портали маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шуда, онро ҳукумат аз 1 июни ҳамин сол қабул кардааст. Вазири мудофиаи Тоҷикистон уҳдадор мешавад, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки лоиҳаи протоколро дар бораи ба ихтиёри ҷумҳурӣ додани амволи ғайриманқули аз воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи низомии Русия боқимонда маъқул шуморанд.

Ин санад дар портали маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шуда, онро ҳукумат аз 1 июни ҳамин сол қабул кардааст.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон уҳдадор мешавад, ки ин протоколро аз номи ҳукумат имзо кунад.

Ба Вазорати хориҷии ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки рӯз ва ҷойи имзои протоколи мазкурро мувофиқа созад.

Барои интиқол ва қабули амволи ғайриманқул ҷонибҳо комиссияи муштарак таъсис медиҳанд.

Дар маҷмӯъ ҳукумати Тоҷикистон 103 бинову иншооти воқеъ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминободро ба ихтиёри худ мегирад.

Майдони умумии ин бинову иншоот дар қаламрави шаҳри Кӯлоб ҳудуди 40 метри мураббаъ ва майдони умумии шаҳраки ҳарбӣ ва машқгоҳ дар ноҳияи Муъминобод – 650 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки Русия ҳанӯз соли 2016 полки 149-уми сайёри тирандози пойгоҳи низомии 201-умро аз Хатлон бароварда, онро ба Душанбе ва машқгоҳи Лоҳур дар ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонид.

Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин ҷузъу томи Неруҳои ҳарбии ҳавоии Русия дар берун аз ҳудуди ин кишвар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.