Қарзи берунии Тоҷикистон дар се моҳи имсол 200 ҳазор доллар кам шуд

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли равон 3 млрд 243,5 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Дар муқоиса бо нишондиҳандаи аввали соли ҷорӣ он 200 ҳазор доллар камтар мебошад. Таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и соли гузашта икишвар (7,9 млрд доллар) ба ҳолати аввали семоҳаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли равон 3 млрд 243,5 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Дар муқоиса бо нишондиҳандаи аввали соли ҷорӣ он 200 ҳазор доллар камтар мебошад.

Таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и соли гузашта икишвар (7,9 млрд доллар) ба ҳолати аввали семоҳаи дуюми соли равон 41%-ро ташкил дод.

Дар сохтори қарзи хориҷии кишвар 96,6% (3 млрд 132,3 млн доллараш)-ро қарзи бевоситаи давлатӣ ташкил медиҳад, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарз бо кафолати давлат 97,4 млн доллар, қарзи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) назди Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) барои дастгирии тавозуни пардохтӣ – 11,1 млн долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин БМТ то 1 апрели соли ҷорӣ ба ҳукумати Чин (1 млн доллар) ва Бонки исломии рушд (1,7 млн доллар) қарздор аст.

Давоми соли 2020 қарзи берунаи Тоҷикистон 300 млн доллар зиёд шуд. Он асосан аз ҳисоби қарзи ХБА дар моҳи майи соли гузашта ба маблағи ҳудуди 190 млн доллар, инчунин қарзи Фонди авруосиёии суботу рушд ба маблағи 50 млн доллар афзуд.

Соли 2020 барои пардохти қарзи хориҷӣ зиёда аз 190 млн доллар маблағи буҷет равона гардида, имсол низ равона кардани ҳамин миқдор маблағ дар назар аст.

Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин боқӣ монда, ҳамчунин ҷумҳурӣ дар ҳаҷми нисбатан зиёдтар ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Хазинаи байнулмилалии асъор қарздор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.