Пешгӯйии боронҳои шадид ва раъду барқ дар баъзе минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳии ҷумҳурӣ

Date:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносиии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик, бахусус соатҳои шабонаву субҳгоҳӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, қисмати ғарбии ВМКБ боронҳои шадид ва раъду барқ дар назар аст.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари бодҳои шадид эҳтимоли гарду чанг вуҷуд дорад.

Дар ин робита Кумита ба ронандагон ва дӯстдорону ошиқони кӯҳгардӣ, сайёҳии кӯҳӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, аз ҷумла риояи фосилаи ҳаракати мошинҳо хеле муҳим аст. Дар ин гуна обу ҳаво резиши санг ва омадани селҳо дар минтақаҳои мухталиф имкон дорад.

Зикр мегардад, ки бо мақсади пешгирӣ аз тағйири авзоъи гирифторони бемориҳои дилу раг, қанд ва ғайра, КҲФ хоҳиш мекунад ин беморон бештар аз дигарон нозири вазъи саломатии худ бошанд. Ҳамеша бо худ доруҳои заруриро дошта ва тавсияҳои духтуронро дар ин гуна ҳолатҳои ҷиддан риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...