Якеро наҷот доданду ба дигаре фурсат нашуд. Маълумоти КҲФ аз обанборҳои кишвар

Рӯзи 15 июн дар қаламрави обанбори пойгоҳи обкашии “Сомғор”, ки дар он оббозӣ қтъиян манъ аст, як сокини 19-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қариб буд ғарқ шавад. Наҷотбахшони посбони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд аз дурбин мушоҳида намуданд, ки шахсе ба қитъаи хатарнок рафта, ғарқ шуда истодааст. Онҳо фавран ба ҷойи ҳодиса расида, ин шахсро аз […]

Asia-Plus

Рӯзи 15 июн дар қаламрави обанбори пойгоҳи обкашии “Сомғор”, ки дар он оббозӣ қтъиян манъ аст, як сокини 19-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қариб буд ғарқ шавад.

Наҷотбахшони посбони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд аз дурбин мушоҳида намуданд, ки шахсе ба қитъаи хатарнок рафта, ғарқ шуда истодааст. Онҳо фавран ба ҷойи ҳодиса расида, ин шахсро аз гирдоб берун оварданд.

Ба шахси ҷабрдида кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуда, аз бистарӣ шудан дар бемористон ӯ даст кашид.

“Дар ҳодисаи дуюм мутаассифона, имдодгарони Кумита ҷасади аллакай беҷони сокини 22-солаи пойтахтро аз об берун кашиданд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Кумита.

Бино ба маълумоти Кумита, дар бораи дар обанбори сунъии “Мехкарер” воқеъ дар қаламрави маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавии шаҳри Душанбе ғарқ шудани як ҷавон соати 14:10 дақиқаи рӯзи 15 июн ба рақами 112 хабар расидааст.

“Ғаввосон (водолазҳо) – имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ба ҷустуҷӯ оғоз намуданд. Баъди 30 дақиқа ҷасади ҷавон дарёфт ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Кумита.

Кумита бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, боисрор дархост мекунад, ки дар ҷойҳои барои оббозӣ манъ аз шиноварӣ худдорӣ карда, вақти назди обанборҳо қарор доштан ҳамаи қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.