Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 15 апрел тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ қабул кард.
Зимни шарҳи тағйироту иловаҳо ба вакилон муовини вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода қайд кард, ки дар тағйироту иловаҳо огоҳӣ ё ҷарима ҳангоми аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ риоя нашудани қоидаҳои вуруд ба минтақаи наздисарҳалӣ, инчунин қоидаҳои будубош ё бақайдгирӣ, ки бори аввал содир мешаванд, пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи тағйироту иловаҳо танҳо ҳангоми такроран содир шудани қонуншиканиҳои зикршудаи маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, онҳо аз қаламрави кишвар хориҷ карда мешаванд.
Умарзода таъкид дошт, ки тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекс ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ равона шудаанд.
Ғайр аз ин, қайд кард ӯ, дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бисёр оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар он сӯйи марз хешону наздикон доранд.
Ба гуфтаи муовини вазир, қонунгузории амалкунанда равуо ва дидорбинии хешовандонро, ки дар ду тарафи сарҳад зиндагӣ мекунанд, душвор месозад.
Гап сари он аст, ки илова кард ӯ, шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки аз қаламрави Тоҷикистон хориҷ мешаванд, дар муддати панҷ сол барои вуруд ба ҷумҳурӣ ҳуқуқ надоранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.