Нигарониҳо аз тамом шудани воксини зидди коронавирус дар Суғд. Навбатпойии мардум дар дармонгоҳҳо

Дар вилояти Суғд захираи воксин бар зидди COVID-19 ба итмом расидааст.  Бархе аз сокинон ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки аз дирӯз ба ин сӯ барои гирифтани воксин мераванд, аммо масъулони дармонгоҳҳо мегӯянд, ки воксин дар вилоят тамом шудааст ва мунтазиранд, ки вояҳои нав ворид шавад. Тамом шудани захираи воксинҳоро дар вилоят Маркази иммунопрофилактика низ таъйид мекунад. Ин […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар вилояти Суғд захираи воксин бар зидди COVID-19 ба итмом расидааст.  Бархе аз сокинон ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки аз дирӯз ба ин сӯ барои гирифтани воксин мераванд, аммо масъулони дармонгоҳҳо мегӯянд, ки воксин дар вилоят тамом шудааст ва мунтазиранд, ки вояҳои нав ворид шавад.

Тамом шудани захираи воксинҳоро дар вилоят Маркази иммунопрофилактика низ таъйид мекунад. Ин ниҳод дар ҳоле аз набуди ваксин дар амборҳо мегӯяд, ки ба асари хуруҷи дигарбораи коронавирус шумори зиёди мардум дар шаҳри Хуҷанд барои эмгузаронӣ назди марказҳои саломатӣ навбатпойӣ мекунанд.

Дар вилояти Суғд танҳо воксини “Астразенека”  ба шаҳрвандон тазриқ мешуд.

Директори Филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар вилояти Суғд, Ҷаннатой Набиева субҳи 30-уми июн ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар амборҳои ин муассиса воксинаи “Астразенека” барои эмгузаронӣ боқӣ намондааст. Ӯ гуфт, рӯзе пеш танҳо 600 воя воксина боқӣ монда буд, ки ба эҳтимоли зиёд субҳи имрӯз тамом шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал зиёда аз 32 ҳазор воя ваксинаи “Астразенека” ворид шуда буд ва кормандони соҳаи тандурустӣ, гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ва шахсони аз 60- сола боло тазриқ шуданд.

“Намедонам дар марҳилаи баъдӣ кадом намуди воксина ба мо интиқол медиҳанд. “Астразенека” ё "КоронаВак" дар ин бора ба мо Вазорати тандурустӣ чизе нагуфтаанд. Дастрас кунанд мо омодаем тақсим кунем”,-гуфт ӯ.

Маркази иммунопрофилактика дар ҳоле аз тамом шудани захираи воксин нигаронӣ мекунад, ки Раёсати тандурустии вилояти Суғд рӯзе пеш маълумоти дигар дода буд.

Фаррух Мақсудзода сардори ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфт, дар марҳилаи аввал ҳудуди 40 ҳазор воя ваксинаи “Астразенека” ба Суғд ворид шуда буд ва 32 ҳазор нафар эм карда шуданд. Ӯ гуфт аз ин воксин кормандони соҳаи тандурустӣ, сокинони шаҳри Хуҷанд, ки бо беморон сару кор доштанд ё бемории ҳамрадиф доранду ба гурӯҳи осебпазир шомиланд, истифода бурдаанд.

Ба иттилои Фаррух Мақсудзода эҳтимол рӯзҳои наздик ба вилояти Суғд беш аз 100 ҳазор воя ваксинаи зидди коронавирус ворид шавад. Аммо ӯ гуфт, дақиқ намедонад, ки ин миқдор воксин кай ва кадом рӯз ворид мешавад.

“Дар сурати омадани ваксина, ки ҳоло кадом намудро медиҳанд, ба мо маълум нест,  кормандони соҳаи маориф, ҳукумат, шаҳрвандони аз 40- сола боло ва гурӯҳҳои осебпазир эм карда мешаванд. Баъдан Ситоди ҷумҳуриявӣ боз кадом қишри ҷомеаро тавсия диҳад эм мекунем”,- гуфт Мақсудзода

То имрӯз ба Тоҷикистон ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаҳои "Астразенека" ва "КоронаВак" ворид шудааст, ки тибқи иттилои ахири вазорати тандурустӣ наздик ба 300 ҳазор шаҳрванд воксин гирифтаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.