Беш аз 1000 низомии Афғонистон аз ҳамлаи “Толибон” ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд

Date:

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки шаби 4 ба 5-уми июли соли 2021 қувваҳои ҳаракати «Толибон» вулусволиҳои Хоҳон, Шикай, Нусай, Моҳимай, Шуғнон ва Султон-Ишкошими вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон дар минтақаи мазкур 910 километр сарҳади умумӣ доранд,  пурра таҳти назорати худ қарор доданд.

Дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, ки АМИТ “Ховар” нашр кардааст, зикр мегардад, ки дар муқовиматҳои мусаллаҳона бо «Толибон», 1037 нафар низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, тавассути минтақаҳои сарҳадии «Шоҳон»-и ноҳияи Ш.Шоҳин (104 нафар), “Рузвай”-и ноҳияи Дарвоз (213 нафар), “Нулванд”-и ноҳияи Дарвоз (83 нафар), “Хумроғӣ”-и ноҳияи Ванҷ (173 нафар), “Тем”-и шаҳри Хоруғ (312 нафар), “Ишкошим”(102 нафар) ва “Лангар”-и ноҳияи Ишкошим (50 нафар) вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.

Гуфта мешавад, бо назардошти муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ  ва дахолат накардан ба умури дохилии ҶИА, ба  низомиёни  ин кишвар  иҷозати воридшавӣ ба қаламрави Тоҷикистон дода шуд.

Айни ҳол вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...