Муҳоҷиронро дар Русия муваззаф мекунанд, ки барои будубош санади ягона бигиранд

Барои вуруд ва ё будубоши дарозмуддат дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ минбаъд санади ягона бо як ҳомили электронӣ дарёфт мекунанд. “Известие” менависад, ин нукта дар  лоиҳаи қонуни аз ҷониби ВКД Русия таҳиягардида зикр шудааст. “Ҳуҷҷати ягонаи тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Русия бо ҳомили электронии маълумот ба ӯ тибқи аризааш ба мақомоти федералии минтақавии ҳокимияти […]

Asia-Plus

Барои вуруд ва ё будубоши дарозмуддат дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ минбаъд санади ягона бо як ҳомили электронӣ дарёфт мекунанд. “Известие” менависад, ин нукта дар  лоиҳаи қонуни аз ҷониби ВКД Русия таҳиягардида зикр шудааст.

“Ҳуҷҷати ягонаи тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Русия бо ҳомили электронии маълумот ба ӯ тибқи аризааш ба мақомоти федералии минтақавии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи умури дохилӣ бевосита тавассути воҳиди зертобеъ ё дар шакли электронӣ ба расмият дароварда мешавад”, – зикр мегардад дар ҳуҷҷат.

Дар назар аст, ки муҳлати амали ин ҳуҷҷат 10 сол хоҳад буд.

Барои гирифтани он дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ба Русия супурдани изи ангуштон (дактилоскопия) ва аксбардорӣ зарур аст. Ғайр аз ин, муоинаи тиббӣ бояд дар муҳоҷир мавҷуд набудани бемории вобастагӣ ба нашъамандӣ, ВНМО (ВИЧ) ва дигар бемориҳои сироятии барои атрофиён хатардоштаро тасдиқ намояд.

Ҳамчунин шаҳрванди хориҷӣ бояд полиси ихтиёрӣ ё ҳатмии суғуртаи тиббӣ дошта, боҷи давлатӣ пардохт кунад ва дар Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва маъмурӣ кабинет (ҳуҷра)-и худро ба расмият дарорад.

Дар ҳамин ҳол, дар лоиҳаи қонун ҳолатҳое низ зикр шудаанд, ки муҳоҷир ҳуҷҷати ягона гирифта натавониста, амали он ғайриқонунӣ эътироф мегардад ё боздошта мешавад. Масалан, чунин тадбирҳо дар ҳолатҳое амалӣ мешаванд, ки агар муҳоҷир дар бораи худ маълумоти бардурӯғ диҳад ё ҳуҷҷатҳои сохта пешниҳод кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.