Тоҷикистон ба намоишгоҳи “Агро-2021” дар Урал даъват шуд

Вазорати кишоварзии вилояти Челябински Русия намояндагони доираҳои расмӣ ва кории Тоҷикистонро ба намоишгоҳи “Агро-2021” даъват карда, дархост намуд, ки дар ин намоишгоҳ-ярмарка гӯшаи миллии худро муаррифӣ кунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург. Дар ин хусус чанде пеш консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода ва муовини вазири кишоварзии вилояти Челябиснк Инна […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Вазорати кишоварзии вилояти Челябински Русия намояндагони доираҳои расмӣ ва кории Тоҷикистонро ба намоишгоҳи “Агро-2021” даъват карда, дархост намуд, ки дар ин намоишгоҳ-ярмарка гӯшаи миллии худро муаррифӣ кунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург.

Дар ин хусус чанде пеш консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода ва муовини вазири кишоварзии вилояти Челябиснк Инна Подшивалова суҳбат карданд.

“Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнами ҳамкориҳои байниминтақавиро дар бахшҳои кишоварзӣ ва сайёҳӣ бар асоси санадҳои дуҷонибаи мавҷудаи дахлдор баррасӣ карданд”, – хабар доданд аз консулгарии генералӣ.

Зикр шуд, ки намоишгоҳ-ярмаркаи бузурги агросаноатӣ дар минтақаи Урал “Агро-2021” маҳз чунин чорабинии муфид барои рӯнамоии маҳсулоти Тоҷикистон аст.

Қобили зикр аст, ки баргузории намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур рӯзҳои 19-21 августи соли равон дар Челябинск дар назар буда, мавзуъҳои асосии он муносибатҳои тиҷоратии хориҷӣ ва содирот унвон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.