Муҳоҷирони ҷанҷоли гурӯҳии Маскавро ҷаримаву ихроҷ мекунанд

Муҳоҷирон-иштирокчиёни ҷанҷол дар назди метрои “Кузминка”-и шаҳри Маскав бо қарори суд ба берун аз ҳудуди Русия хориҷ мешаванд, хабар дода мешавад дар сомонаи Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав. “Шаҳрвандони хориҷӣ бо қарори суд ба берун аз ҳудуди қаламрави Русия бо таъини ҷаримаи маъмурӣ хориҷ карда мешаванд. Ҳамчунин нисбат ба чанде аз шахсон дар бораи […]

Asia-Plus

Муҳоҷирон-иштирокчиёни ҷанҷол дар назди метрои “Кузминка”-и шаҳри Маскав бо қарори суд ба берун аз ҳудуди Русия хориҷ мешаванд, хабар дода мешавад дар сомонаи Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав.

“Шаҳрвандони хориҷӣ бо қарори суд ба берун аз ҳудуди қаламрави Русия бо таъини ҷаримаи маъмурӣ хориҷ карда мешаванд. Ҳамчунин нисбат ба чанде аз шахсон дар бораи манъи вуруд ба қаламрави Русия қарор қабул хоҳад шуд”, – омадааст дар хабар.

Дар хабар зикр мегардад, ки пас аз ҷанҷоли гурӯҳӣ 103 нафари дар ин миуноқиша иштирокдошта ба шуъбаҳои минтақавии пулис оварда шудаанд.

Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшудагон бо далелҳои риоя накардани реҷаи будубош (зиндагӣ) дар Русия, майдаавбошӣ, риоя накардани тартиботи муқарраршуаи ташкил ё баргузории маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоӣ санадҳо (протоколҳо) тартиб дода шудааст.

“Айни замон кормандони пулис санҷиш гузаронида, тамоми ҳолату сабабҳои рух додани ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Аз рӯйи натиҷаҳои он мувофиқи қонун қарор қабул мешавад”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 июл дар мавзеи истгоҳи назди метрои “Кузминка”-и шаҳри Маскав байни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҷанҷол рух дод. Нахуст гуфта шуд, ки дар ин муноқиша муҳоҷирон аз Қирғизистону Ӯзбекистон иштирок доштаанд.

Сипас ВАО-и Русия хабар пахш намуданд, ки дар ин ҳодиса муҳоҷирони тоҷику ӯзбек бо ҳам ҷанҷол карда, дар он зиёда аз 180 нафар иштирок кардаанд ва қаблан чанд рӯз пеш боз ду муноқишаи дигар рух дода будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.