Чӣ гуна ҷавоне аз боғи ҳайвонот барои равоншинос шудан омодагӣ мегирад

Date:

Ҳамсабақонаш аз ӯ бо эҳтиром профессор ном мебаранд. Нусратуллои 19-сола аз ин лақаб танҳо самимона табассум мекунад. Кам касоне аз дӯстони наваш огаҳанд, ки донишчӯи соли аввали риштаи равоншиносӣ тамоми давраи кӯдакиаш дар қаламрави боғи ҳайвонот зиндагӣ кардааст. Ӯ ба корҳои модараш дар тозакунии панҷараҳои ҳайвонот ёрӣ мерасонид.

11 сол пеш ӯро назди яке аз панҷараҳо Ниссо Фаромӯзова дида, писаракро зери сарпарастии худ гирифт. Ниссо он замон дар Бахши “Мониторинги меҳнати кӯдакон” дар назди Маркази омӯзиши калонсолон кор карда, бо чунин кӯдакон сарукор дошт. Лекин бо Нусратулло муносибат тамоман дигар шуд, модарона. Ӯ ба писарак ҷиҳати пайдо шудани майлу рағбат ба таҳсил кумак кард.

Лозим омад, ки бо модараш дар бораи тақдири ояндаи ӯ хеле суҳбатҳо гузаронад. Ин давра барои оила хеле душвор буд, аз ин рӯ, оянда хеле дур ба назар мерасид ва гузаронидани танҳо ҳамин як рӯз муҳимтар буд.

МЕДИА (YOUTUBE)

5 соли зиндагӣ дар ҳуҷраи хурдакаки 1,5 ба 2 метр ҳамроҳи модар ва хоҳари хурдиаш ӯро обутоб дода, лекин аз ин шахси хашмгину бадҷаҳл ва бадкирдору бадрафтор нашуд.

Дӯстдорӣ нисбати ҳайвонот ба шавқи касбӣ бадал шуда, ҳанӯз панҷ сол пеш ӯ дар боғи ҳайвонот панҷараҳоро мешуст, имрӯз бошад, ӯ фермаи мӯрчаҳо сохта, чӣ гуна аз ҷониби ин ҳашарот ҳис кардани замонро меомӯзад ва дар ин хусус якчанд мақолаи илмӣ навиштааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз ҳаёти ӯ каме беҳтар гардида, лекин начандон зиёд. Бо ин вуҷуд, Нусратулло бовар дорад, ки равоншиноси хуб шуда, ба кӯдаконе, ки дар шароити монанд ба ӯ ба воя мерасанд, кумак кунад. Зеро касе гунаҳкор нест, ки ту дар кадом шароит ба дунё омадаӣ, лекин ҳар кадоме барои тағйири ҳаёти худ ба самти беҳтар бояд имкон (шанс) дошта бошад.

Ҳозир ӯ як орзуи начандон зиёд, лекин муҳим дорад – доштани ноутбук. Зеро қариб ҳамаи гузоришҳояшро дастӣ навишта, сипас дар компютери китобхонаи донишгоҳ чоп мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...