Раиси собиқи “Агроинвестбонк” аз маҳбас раҳо шуд

Ӯ қарзҳои ғайриқонунӣ ба маблағи 37 млн сомонӣ додаашро баргардонидааст. Боз як собиқ роҳбари бонки мушкилдор – бародари Муродалӣ Алимардон низ ба озодӣ баромад. Собиқ раиси “Агроинвестбонк” Фаррух Тағоймуродов, ки охири соли гузашта, ҳабс шуда буд, аз боздоштгоҳ раҳо шуд, зеро ӯ қарзҳои ғайриқонунӣ додаашро пурра баргардонид, хабар дод имрӯз ба журналистон роҳбари Агентии назорати […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ӯ қарзҳои ғайриқонунӣ ба маблағи 37 млн сомонӣ додаашро баргардонидааст. Боз як собиқ роҳбари бонки мушкилдор – бародари Муродалӣ Алимардон низ ба озодӣ баромад.

Собиқ раиси “Агроинвестбонк” Фаррух Тағоймуродов, ки охири соли гузашта, ҳабс шуда буд, аз боздоштгоҳ раҳо шуд, зеро ӯ қарзҳои ғайриқонунӣ додаашро пурра баргардонид, хабар дод имрӯз ба журналистон роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода.

Вай инчунин тасдиқ намуд, ки Пардаалӣ Алимардонов, бародари собиқ роҳбари бонки барҳамхӯрда Муродалӣ Алимардон, ки қаблан боздошт шуда буд, тақрибан 91 млн сомонӣ қарзро аз “Агроинвестбонк” баргардонидааст. Ӯро ҳам раҳо кардаанд.

Ба гуфтаи сардори Агентии зиддифасод, мақомоти тафтишот нисбат ба се нафар корманди ҶСП “Коропоратсияи Баракат”, ки ба он Пардаалӣ Алимардонов роҳбарӣ мекард, саволҳои ҷиддӣ дорад.

 “Ин се нафар дар азхудкунии ҳудуди 52 млн сомонӣ қарзҳои аз “Агроинвестбонк” гирифташуда гумонбар дониста шуда, тибқи маълумоти мо, дар қаламрави Русия пинҳон шудаанд”, – гуфт Султонзода.

Зимнан зикр шуд, ки давоми 1,5 сол ба “Агроинвестбонк” дар маҷмӯъ зиёда аз 223 млн сомонӣ қарзҳои “мушкилдор” баргардонида шуда, аз ин маблағ то имрӯз боз 146 млн сомонӣ боқӣ мондааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.