Қарзи музди меҳнат дар Тоҷикистон ба 57,7 млн сомонӣ расидааст

Date:

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо дарназардошти солҳои гузашта ба ҳолати 1 июни соли равон 57 млн 713 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар ин бора имрӯз, 28 июл, дар нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода хабар дод.

Бино ба иттилои вазир, шумораи нафароне, ки корхонаву ширкатҳои Тоҷикистон аз онҳо қарздор мебошанд, 14080 нафарро ташкил дода, кормандони 75 корхона мебошанд.

Амонзода гуфт, ки қарзодорони асоси музди меҳнат дар кишвар корхонаҳои азими саноатӣ ҳастанд, ки қарздории меросӣ доранд. Ба таъкиди ӯ барои бартараф намудани қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат зина ба зина чораҳо андешида шуда истодаанд.

– Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷаласаҳои гузаронидашудаи ситодҳои сайёри вазорат наздики 10 ташкилоту муассиса қарзҳояшонро пурра бартараф намуда, 13 ташкилоту муассисаи дигар қарзи музди меҳнатро кам намуданд,- гуфт Амонзода.

10 корхонаи бузурги қарздор кадомҳоянд?

Ба суоли “Азия плюс” дар бораи 10 корхонаи калони қарздор аз музди меҳнат, сардори хадамоти назҳорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Дустмурод Муродзода гуфт, ки дар байни онҳо ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶСФ “Сохтмони асосии ҶСК НБО Роғун”-и ноҳияи Файзобод ҳам ҳаст, ки ба ҳолати 1 июни соли равон якуми 5,5 млн сомонӣ ва дуввумӣ 3,2 млн сомонӣ қарзи музди меҳнат доранд.

Ҳамин тариқ, қарздории музди меҳнат дар ҶСК “Тоҷикнақбсоз” 1,5 млн сомонӣ, ҶСК “Азот” 6 млн сомонӣ, ҶСК “Тамохуш” 2,4 млн сомонӣ, ҶСК “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон”-и шаҳри Исфара 12,7 млн сомонӣ, КВД “Ширкати алюмини тоҷик”-и ноҳияи Ҳисор 10,6 млн сомонӣ, ҶДММ “Биносоз” 1,4 млн сомонӣ, ҶДММ “Талко Кемикал”-и Леваканд 2,9 млн сомонӣ ва КДФ “Кони ангишти Назарайлоқ” 573,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...