Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз «Спутник V» эм гирифтааст

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 4 август зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон хабар дод, ки вояи дуюми ваксинаи зидди коронавирусро гирифтааст. Ба гуфтаи вазир, ӯ аз ду таркиби ваксинаи навъи русиягии «Спутника V» эм карда шудааст. "То имрӯз тақрибан 60% ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар зидди сирояти коронавирус эм карда шуда, то 10 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 4 август зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон хабар дод, ки вояи дуюми ваксинаи зидди коронавирусро гирифтааст.

Ба гуфтаи вазир, ӯ аз ду таркиби ваксинаи навъи русиягии «Спутника V» эм карда шудааст.

"То имрӯз тақрибан 60% ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар зидди сирояти коронавирус эм карда шуда, то 10 август ҳамаи кормандони милитсияи Тоҷикистон ваксина хоҳанд гирифт мешаванд", – изҳор дошт вазир.

Рамазон Раҳимзода мушаххасан зикр накард, ки кормандони милитсияи тоҷик кадом навъи ваксинаҳоро гирифтаанд.

Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, то ба ҳол ба кишвар се намуди ваксина: “Астразенека”-и аврупоӣ (бритониёӣ), “Коронавак”-и чинӣ ва “Модерна”-амрикоӣ ворид шудааст.

Ҳамчунин мувофиқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, ба беморхонаи ҳукуматии кишвар 3 ҳазор воя воксинаи «Спутник V» оварда шудааст, ки аъзои ҳукумати кишварро аз ин ваксин задаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.