“Толибон” ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистонро дӯш гирифт. Писари Аҳмадшоҳ Масъуд ҳам дар ин хона будааст

"Толибон" бо нашри як хабарномаи масъулияти ҳамла ба хонаи номзадвазири дифои Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадиро ба дӯш гирифтанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд. Як манбаъи муътамад аз мақомоти амниятии Афғонистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки чанд лаҳза пеш аз ҳамла Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд бо ҷамъе дигар аз чеҳраҳои сиёсиву низомии Афғонистон низ дар ин […]

Asia-Plus

"Толибон" бо нашри як хабарномаи масъулияти ҳамла ба хонаи номзадвазири дифои Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадиро ба дӯш гирифтанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд.

Як манбаъи муътамад аз мақомоти амниятии Афғонистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки чанд лаҳза пеш аз ҳамла Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд бо ҷамъе дигар аз чеҳраҳои сиёсиву низомии Афғонистон низ дар ин хона қарор доштаанд. Аммо чанд дақиқе пештар хонаро тарк карда буданд.

Дар аксҳое, ки аз ин ҳодиса нашр шудааст, дида мешавад, ки утоқи ин ҷаласа яке аз ҳадафҳои нахустини ҳамла будааст.

Дар ҳамлаи шаби сешанбе ба хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар Кобул, 8 нафар бо шумули як зан кушта шудаву 20 нафари дигар захм бардоштааст. Аммо худи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва хонаводааш, ки дар хона қарор доштаанд, аз ин ҳамла ҷони солим ба дар бурдаанд. Дар бораи талафоти аъзои хонаводаи вазир то кунун гузориш нашудааст.

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, шаби сешанбе, дақоиқе пас аз ҳамла, дар як навори видеои тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки ҳеч ҳамлаву ҳодисаи террористие азми ӯро аз мубориза бо "Толибон" ва душманони мардуми Афғонистон боз намедорад.

Дар эъломияе, ки "Толибон" нашр кардаанд, гуфтаанд, ки ин ҳамла посух ба муттаваққиф кардани роҳандозии иқдоми нидои "Аллоҳу Акбар" дар Кобул будааст.

"Ин ҳамла аз оғози амалиётҳои интиқомӣ бар ҳастаҳои мақомоти идораи Кобул шаҳодат медиҳад, ки фармони ҳамлаҳо бар мардуми мулкиро дар манотиқи мухталифи кишвар медиҳанд",-гуфтааст Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи "Толибон". 

Ин ҳамла, тақрибан соати 20-и шаби сешанбе ба вақти Кобул, дар минтақаи Шерпури Кобул  сурат гирифтааст. Ба навиштаи шабакаи телевизионии "Тулуънеюс" дар ибтидо як мошини бамбгузоришуда дар назди хонаи вазир инфиҷор дода мешавад ва сипас чаҳор нафар ба хона ҳуҷум мекунанд. 

Пас аз ин ҳамла неруҳои амниятии Афғонистон ба маҳалли рӯйдод омада, баъди 5 соат бо комилан аз байн бурдани муҳоҷимон, онро хунсо мекунанд.

Дар ин ҳамла ҳамчунин хонаи бархе аз чеҳраҳои сиёсиву низомии Афғонистон, ки ба хонаи Муҳаммадӣ наздик будаанд, зарар дидаанд. Хонаи Муҳаммадӣ дар яке аз минтақаҳи аз лиҳози амниятӣ сабзи Афғонистон қарор дорад, ки дар он ҷо шумори зиёди сафоратхонаҳо ва қароргоҳҳои сафирону чеҳраҳои сиёсиву низомиву ҳукуматии Афғонистон низ мавқеият доранд.

Ин ҳамла дар Афғонистон ва кишварҳои минтақа вокунишҳои зиёде дар пай дошт. Аз ҷумла, раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, раиси Шӯрои оли мусолиҳаи миллии Афғонист Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва чеҳраҳои зиёди сиёсиву ҷиҳодии Афғонистон онро маҳкум кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.