Ҳалокати боз як нафар бар асари омадани сел дар Панҷакент

Рӯзи 5 август дар натиҷаи омадани сел дар деҳаи Амондараи Панҷакент як сокини 60-солаи деҳа ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки баъди ҷустуҷӯҳои зиёд аҳолии деҳа ҷасади сокини 60-соларо аз зери лойю об субҳи 6-уми август, соати 06:20 пайдо ва […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Рӯзи 5 август дар натиҷаи омадани сел дар деҳаи Амондараи Панҷакент як сокини 60-солаи деҳа ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки баъди ҷустуҷӯҳои зиёд аҳолии деҳа ҷасади сокини 60-соларо аз зери лойю об субҳи 6-уми август, соати 06:20 пайдо ва ба соҳибонаш супурданд. 

Ба иттилои расида, тахминан соати 17:30 дақиқаии рӯзи 5-уми август бар асари борони пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Амондараи Панҷакент сел омада, ба ҳавлии се сокинони деҳа лойоба ворид кард.

– Дар натиҷа, 29 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, 10 гектар заминҳои кишоварзӣ ва 10 км роҳи автомобилгарди деҳа низ аз лой пур шуд, – менависад Кумита.

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Ёрӣ, маҳаллаи Сушанг ва ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаи Заврон низ сел бо овардани лойоба зарар расонд.  

КҲФ бори дигар ба сокинони кишвар ҳушдор додааст, ки дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо аз гармои шадид вуҷуд дорад.

“Аз аҳолӣ хоҳиш мешавад сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйбору каналҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо пок кунанд, то сел роҳи гузар пайдо кунад ва вориди хонаҳову ҳавлиҳо ва заминҳои кишт нашавад”, – ҳушдор медиҳад КҲФ.

Дар соли равон, ин бори аввал нест, ки дар деҳаҳои Панҷакент сел меояд ва он боиси  марги сокинон мегардад. Сели пурқурбонии рӯзи 19-уми июл дар деҳаи Киштӯдаки ҷамоати Ёрии Панҷакент ҷони 12 нафарро гирифт, ки  8 қурбонии он аъзои як хонаводаву як авлод буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.