Субҳи рӯзи якшанбе ба Тоҷикистон 13 тонна мавод ва лавозимоти тиббии зарурӣ кумак расид. Кӯмаки башардӯстона аз ҷониби UNICEF Tajikistan расонида шуда, онро Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ кард ва аз маркази тақсимоти ЮНИСЕФ дар Шанхай ба Душанбе оварда шуд.
Кумак зиёда аз 36 ҳазор либоси муҳофизатӣ, беш аз 40 ҳазор ниқоби тиббии №95 ва 720 ҳароратсанҷро дар бар мегирад.
Ин кумак аввалин аз чор қисмат аст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо бо дастгирии техникии ЮНИСЕФ расонида мешавад. Ҳаҷми умумии миқдори пешбинишудаи кумак 64 тонна воситаҳои тиббӣ ба маблағи 1,3 млн евроро ташкил хоҳад дод.
Ин кумак 1500 кормандони тиббиро бо воситаҳои зарурии муҳофизати инфиродӣ барои муолиҷаи 40 000 беморон таъмин мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.