Анбори корхонаи “Ноқили Талко” дар Душанбе ғорат шуд

Кормандони милитсияи пойтахт ба гумони даст  доштан дар дуздӣ аз анбори ҶСК “Ноқили Талко” се нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанберо боздошт намуданд. Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, боздоштшудагон аз моҳи март то августи соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ аз дохили корхонаи мазкур 16-адад халтаҳои полиэтилени (резинҳои гранула барои рӯйпуш намудани симҳои […]

Asia-Plus

Кормандони милитсияи пойтахт ба гумони даст  доштан дар дуздӣ аз анбори ҶСК “Ноқили Талко” се нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанберо боздошт намуданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, боздоштшудагон аз моҳи март то августи соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ аз дохили корхонаи мазкур 16-адад халтаҳои полиэтилени (резинҳои гранула барои рӯйпуш намудани симҳои ноқилҳои барқӣ)-ро дуздидаанд.

“Зарари расонида ба корхона 231 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят се нафар мардони 37, 33 ва 29-сола боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, яке аз коргарони анбори корхона ба ғоратгарон кумак мекардааст.

Ёдрас мекунем, ки “Ноқили Талко” яке аз даҳ корхонаи фаръии ширкати бузурги металлургияи рангаи Тоҷикистон – ТАЛКО мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.