Омӯзгор аз Исфара ба сафи вакилони парлумон шомил мешавад

Ваколатҳои вакили палатаи поёнии парлумони кишвар ва собиқ раҳбари Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат Идигул Қосимзода, ки 22 июл дар Душанбе бар асари коронавирус фавтид, ба зудӣ қатъ карда мешавад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, ба ҷойи ӯ бидуни баргузории интихоботи пеш аз муҳлат шахси дигар меояд. «Азбаски Идигул Қосимзода дар интихоботи парлумонии моҳи […]

Ваколатҳои вакили палатаи поёнии парлумони кишвар ва собиқ раҳбари Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат Идигул Қосимзода, ки 22 июл дар Душанбе бар асари коронавирус фавтид, ба зудӣ қатъ карда мешавад.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, ба ҷойи ӯ бидуни баргузории интихоботи пеш аз муҳлат шахси дигар меояд.

«Азбаски Идигул Қосимзода дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2020 аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ вакил интихоб шуд, аз ин рӯ, ҷойи ӯро бидуни баргузории интихоботи нав номзади минбаъда тибқи рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ишғол мекунад. Ин номзад узви ҳизби мо, омӯзгор аз Исфара Муҷибахон Ҷавҳарова мебошад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ.

Ёдрас мекунем, ки ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ 63 вакил интихоб мешаванд: 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 вакил – тибқи рӯйхати ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.