Ҷасади халабони ҳалокшуда ҳоло ҳам дар ҷойи ҳодиса аст

Рӯзи 4 август як чархболи тамғаи МИ-8 Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар ҳайати 5 нафар барои наҷоти сайёҳони рус рафта буд, ба садама дучор шуд. Ҳангоми фуруд омадан чархбол ба кӯҳ бархӯрда, дар натиҷа роҳбари ҳайати халабонҳои чархбол Сергей Тютин ба ҳалокат расид. Бо гузашти панҷ рӯз ҷасади халабон (лётчик, пилот) ҳоло ҳам дар ҷойи […]

Алия Хамидуллина, Asia-Plus

Рӯзи 4 август як чархболи тамғаи МИ-8 Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар ҳайати 5 нафар барои наҷоти сайёҳони рус рафта буд, ба садама дучор шуд. Ҳангоми фуруд омадан чархбол ба кӯҳ бархӯрда, дар натиҷа роҳбари ҳайати халабонҳои чархбол Сергей Тютин ба ҳалокат расид. Бо гузашти панҷ рӯз ҷасади халабон (лётчик, пилот) ҳоло ҳам дар ҷойи ҳодиса аст.

Ба гуфтаи роҳбари Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ҷамшед Камолов, айни замон имдодгарон чархболи хадамоти марзбониро интизоранд, то ки ба ҷойи фоҷеа рафта, ҷасади халабонро оранд.

– Дар Душанбе ва ВМКБ ду гурӯҳи наҷотдиҳандагон ташкил шуд. Ҳоло онҳо интизори чархболи неруҳои марзбонианд, – гуфт Ҷамшед Камолов дар сӯҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс”. – Аммо ҳоло ҳама мушкил сари он аст, ки танҳо ба чанде халабонҳо иҷоза дода шудааст, ки дар баландии зиёда аз 5 ҳазор метр парвоз кунанд. Яке аз чунин мутахассисони касбӣ Сергей Тютин буд. Ҷасади ӯ дар баландии 5300 метр аст.

Айни замон халабоне ҷустуҷӯ мешавад, ки таҷрибаи кофӣ ва барои парвоз ба ин сатҳ баландӣ иҷозатнома дошта бошад.

Ӯ мегӯяд, як варианти дигар ҳам вуҷуд дорад, ки поёнтар парвоз кардан лозим аст, аммо наҷотдиҳандагон бояд пиёда ба маҳалли фоҷиа бароянд ва бо назардошти аз он ҷо бо худ овардани ҷасад, ин роҳи хеле душвор аст.

Камолов зикр кард, ки дар навбати аввал ба шахсоне кумак лозим буд, ки зинда монданд. Барои имкнпазир шудани ба ҷойи дигар интиқол додан маҷрӯҳонро лозим омад, ки мудддати ду рӯз мустақилона ба поин фароянд ва сипас аз он ҷо бо чархболи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон ба Душанбе бурда шуданд.

Ба гуфтаи Камолов, ҳама гуна амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар чунин шароити душвори кӯҳистон наметавонад дар як муддати кӯтоҳ амалӣ шавад.

Коршиносон мегӯянд, дар чунин шароит танҳо якчанд нафар – наҷотдиҳандагон ва кӯҳнавардони ботаҷрибае, ки маҳалро хуб омӯхтаанду пайраҳаву гузаргоҳҳои бехатарро медонанд, кор карда метавонанд. Ин гуна одамон дар кишвар хеле каманд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.