Ҳабс ва ҷаримабандии соҳибони компютерхонаҳо дар Душанбе

Date:

Раёсати корҳои дохили шаҳри Душанбе мегӯяд, ки бар пайи як рейд дар шабонарӯзи гузашта 48 ноболиғеро, ки ба "бозиҳои зараровари компютерӣ ва беҳудагардӣ дар вақти шабона машғул буданд",  пайдо ва ба шуъбаҳои милиса овардааст. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД Душанбе,  аз ин 48 нафар, 19-нафар барои оворагардӣ, 14-нафар барои машғул шудан ба бозиҳои зараровари комютерӣ ва боқимонда 15 нафар барои содир кардани кирдорҳои дигари зиддиҳуқуқӣ  ба шуъбаҳои корҳои дохилӣ оварда шудаанд.

"Дар натиҷа волидайни онҳо ба мақомоти милитсия даъват карда шуда, нисбати онҳо тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд",-хабар медиҳад РВКД Душанбе.

Дар ин рейдҳо, маъмури яке аз интернет-кафеҳо Ибрагимов Муҳаммад, деҳаи Даҳанаи шаҳри Ваҳдат, ки қаблан ҳам барои роҳ додани ноболиғон ба нуқтаи бозиҳои компютерӣ алайҳаш маводи маъмурӣ тартиб дода шуда будааст, барои барқасдона амал намудан ва хилофи талаботи қонунгузорӣ бо мақсади ба даст овардани маблағ ноболиғонро иҷозаи воридшавӣ ба маракази компютерии худ додаст, 5 шабонарӯз ҳабс карда шудааст. 

Ҳамчунин дар ин рейдҳо ду соҳибмулки марказҳои компютерӣ, Шарипов Рамазон ва Сафаров Беҳрӯз бо қарори додгоҳ ҷаримабандӣ шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...