Ҳабс ва ҷаримабандии соҳибони компютерхонаҳо дар Душанбе

Раёсати корҳои дохили шаҳри Душанбе мегӯяд, ки бар пайи як рейд дар шабонарӯзи гузашта 48 ноболиғеро, ки ба "бозиҳои зараровари компютерӣ ва беҳудагардӣ дар вақти шабона машғул буданд",  пайдо ва ба шуъбаҳои милиса овардааст.  Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД Душанбе,  аз ин 48 нафар, 19-нафар барои оворагардӣ, 14-нафар барои машғул шудан ба бозиҳои зараровари комютерӣ ва […]

Раёсати корҳои дохили шаҳри Душанбе мегӯяд, ки бар пайи як рейд дар шабонарӯзи гузашта 48 ноболиғеро, ки ба "бозиҳои зараровари компютерӣ ва беҳудагардӣ дар вақти шабона машғул буданд",  пайдо ва ба шуъбаҳои милиса овардааст. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД Душанбе,  аз ин 48 нафар, 19-нафар барои оворагардӣ, 14-нафар барои машғул шудан ба бозиҳои зараровари комютерӣ ва боқимонда 15 нафар барои содир кардани кирдорҳои дигари зиддиҳуқуқӣ  ба шуъбаҳои корҳои дохилӣ оварда шудаанд.

"Дар натиҷа волидайни онҳо ба мақомоти милитсия даъват карда шуда, нисбати онҳо тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд",-хабар медиҳад РВКД Душанбе.

Дар ин рейдҳо, маъмури яке аз интернет-кафеҳо Ибрагимов Муҳаммад, деҳаи Даҳанаи шаҳри Ваҳдат, ки қаблан ҳам барои роҳ додани ноболиғон ба нуқтаи бозиҳои компютерӣ алайҳаш маводи маъмурӣ тартиб дода шуда будааст, барои барқасдона амал намудан ва хилофи талаботи қонунгузорӣ бо мақсади ба даст овардани маблағ ноболиғонро иҷозаи воридшавӣ ба маракази компютерии худ додаст, 5 шабонарӯз ҳабс карда шудааст. 

Ҳамчунин дар ин рейдҳо ду соҳибмулки марказҳои компютерӣ, Шарипов Рамазон ва Сафаров Беҳрӯз бо қарори додгоҳ ҷаримабандӣ шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.