Манбаъ дар ҳукумат: Марз бо Афғонистон алҳол тинҷу ором аст

Ҳифз ва посбонии сарҳади давлатӣ дар Тоҷикистон пас аз шиддат гирифтани вазъият дар Афғонистон (аз нимаи моҳи май) бо реҷаи пурзӯр анҷом дода мешавад. «Ҳифз ва посбонии сарҳади давлатӣ бо низоми пурзӯр сурат мегирад. Ҳама чораҳои зарурии амниятӣ андешида шудаанд, то кунун ҳама тинҷу ором аст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохтори […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳифз ва посбонии сарҳади давлатӣ дар Тоҷикистон пас аз шиддат гирифтани вазъият дар Афғонистон (аз нимаи моҳи май) бо реҷаи пурзӯр анҷом дода мешавад.

«Ҳифз ва посбонии сарҳади давлатӣ бо низоми пурзӯр сурат мегирад. Ҳама чораҳои зарурии амниятӣ андешида шудаанд, то кунун ҳама тинҷу ором аст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон.

"Дар тӯли тамоми сарҳад бо Афғонистон се хатти дифоӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо нерӯ ва воситаҳои муайяни нерӯҳои сарҳадӣ, Вазорати мудофиа, КДАМ, ВКД ва дигар сохторҳои қудратӣ, инчунин захираҳои эҳтиётии артиши миллӣ амал мекунанд, – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз суқути Кобул, ҷараёни вуруди паноҳандагон аз давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон ба мушоҳида нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол, портали Flightradar, ки парвозҳоро дар саросари ҷаҳон шабонарӯз пайгирӣ мекунад, нишон медиҳад, ки дирӯз аз Кобул ба фурудгоҳҳои Тоҷикистон, бахусус ба Қӯрғонтеппа чанд парвоз анҷом дода шудааст Ва ба гуфтаи манбаи "Азия -Плюс", ин гӯё парвозҳои кӯчонидани гурезаҳо буданд.

Масофаи сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Афғонистон 1344,15 км-ро ташкил медиҳад. Аз он сарҳади дарёӣ 1135,3 км, хушкигард – 189,85 км ва кӯлӣ 19 км мебошанд. Хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон асосан қад-қади дарёи Панҷ тӯл мекашад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.