Лоиҳаи қонуни “авфи тиллоӣ” ҳамин ҳафта ба парлумон пешниҳод мешавад

Гурӯҳи кории махсус, ки нимаи моҳи июл бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда буд, корҳои таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи авф”-ро ба поён расонид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, лоиҳаи қонуни дар боло зикршуда муддати ду рӯзи наздик ба баррасии парлумон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Гурӯҳи кории махсус, ки нимаи моҳи июл бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда буд, корҳои таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи авф”-ро ба поён расонид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, лоиҳаи қонуни дар боло зикршуда муддати ду рӯзи наздик ба баррасии парлумон фиристода мешавад.

Ба гурӯҳи кории махсуси бо супориши президент таъсиёфта ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомила буданд.

“Ба истилоҳ “авфи тиллоӣ”, ки бо ташаббуси президент ба ифтихори 30-солагии Итиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад, зиёда аз 25 ҳазор нафар гумонбаршудагон, судшавандагон ва маҳкумшудагонро фаро гирифта метавонад”, – зикр кард манбаъ.

Маъмулан дар ҷумҳурӣ ба ифтихори солгарди ҷашнҳои давлатӣ авф эълон мешавад. Ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар соли 2019 зиёда аз 20 ҳазор нафар маҳкумшуагон мавриди авф қарор гирифтанд. Соли 2014 дар солгарди 20-солагии қабули Конститутсия қонуни авф 10 ҳазор нафар ва соли 2011 ба ифтихори ҷашни 20-умин солгари истиқлолияти давлатӣ – 15 ҳазор нафарро фаро гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.