Аз 1 сентябр дар Тоҷикистон нафақаи бархе аз маъюбон зиёд мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул намуд, ки ба иҷрои фармони президент "Оид ба зиёд шудани ҳаҷми нафақаи категорияи муайяни нафақагироне, ки нафақаи маъюбиятро мегиранд" равона шудааст. Фармон 28 майи соли равон имзо шуд. Мувофиқи ин қарор, нафақаи маъюбони гурӯҳи I (суғуртавӣ ва нафақаҳои давлатӣ) аз 1 сентябр ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул намуд, ки ба иҷрои фармони президент "Оид ба зиёд шудани ҳаҷми нафақаи категорияи муайяни нафақагироне, ки нафақаи маъюбиятро мегиранд" равона шудааст. Фармон 28 майи соли равон имзо шуд.

Мувофиқи ин қарор, нафақаи маъюбони гурӯҳи I (суғуртавӣ ва нафақаҳои давлатӣ) аз 1 сентябр ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешаванд.

Нафақаи маъюбон аз овони кӯдакӣ (суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ) ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешаванд.

Нафақаи кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ таъин шудааст, низ ба ҳамин андоза (20%) боло бурда мешавад.

Ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ дастур дода шудааст, ки амалигардонии қарори мазкурро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар соли 2021 дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои таъминоти нафақа пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд.

Нафақаҳо дар ин се гурӯҳи маъбон ба андозаҳои зикршуда аз ҳаҷми нафақаи заминавии муқарраргардида бидуни иловапулӣ (доштани мукофотҳои гуногуни давлатӣ ва унвонҳо) зиёд карда мешаванд.

Андозаи нафақаи заминавӣ дар Тоҷикистон айни замон 207 сомонӣ (18 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Маъюбони гурӯҳи I, маъюбони гурӯҳи  I ва II аз овонӣ кӯдакӣ ва кӯдакони маъюби то 18-сола 100% ва маъюбон аз овони кӯдакӣ – 60% маблағи нафақаи заминавии муқарраршударо мегиранд.

Мувофиқи ин меъёрҳо, нафақаи маъюбони гурӯҳи I аз моҳи сентябр ба андозаи 103 сомонӣ (9,1 доллар), нафақаи маъюбон аз овони кӯдакӣ ва кӯдакони маъюби то 18-сола – 41,4 сомонӣ (3.6 доллар) зиёд мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.