Чор нафар шуъбаи БДА-и Вахшро ғорат кардаанд

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон як гурӯҳи мардон ба ғорати бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ин ноҳия даст задаанд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 13 июн шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ тирезаи нуқтаи ташхиси техникии ШБДА дар ноҳияи Вахшро шикаста, ба дохили бино ворид мешаванд. “Онҳо аз дохили як адад ҷевони оҳанин […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон як гурӯҳи мардон ба ғорати бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ин ноҳия даст задаанд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 13 июн шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ тирезаи нуқтаи ташхиси техникии ШБДА дар ноҳияи Вахшро шикаста, ба дохили бино ворид мешаванд.

“Онҳо аз дохили як адад ҷевони оҳанин 3 ҳазору 920 сомонӣ ва ҳуҷҷатҳоро тасарруф намуда, ба самти номаълум ғайб мезананд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни баргузори корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар содир гардидани ин ҷиноят 4 сокини ноҳияи Вахш – бародарон Набиҷон ва Алиҷон Набиевҳо, Суннатулло Абдиев ва Умедҷон Аҳмадалиев боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ду нафар аз боздоштшудагон пештар ҳам барои содир кардани ҷинояти дуздӣ маҳкум шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршудагон мутобиқи моддаи 244 (Дуздӣ) Кодекси ҷинояти ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.