Фурӯши билетҳо барои бозии “Истиқлол”-у “Персеполис” оғоз шуд

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе шурӯъ аз имрӯз ба фурӯши билетҳои бозии даври 1/8 финалии Лигаи чемпионаҳои КФО оғоз кард. Дар ин вохӯрӣ футболбозони тоҷик дастаи қаҳрамони Эрон – “Персеполис”-ро дар майдони худ ба ҳузур мепазиранд. Тавре ки хадамоти матбуоти “Истиқлол” хабар медиҳад, фурӯши билетҳо дар хазинаҳо (кассаҳо)-и Варзишгоҳи марказии пойтахт ва мағозаи расмии даста «Joma» […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе шурӯъ аз имрӯз ба фурӯши билетҳои бозии даври 1/8 финалии Лигаи чемпионаҳои КФО оғоз кард. Дар ин вохӯрӣ футболбозони тоҷик дастаи қаҳрамони Эрон – “Персеполис”-ро дар майдони худ ба ҳузур мепазиранд.

Тавре ки хадамоти матбуоти “Истиқлол” хабар медиҳад, фурӯши билетҳо дар хазинаҳо (кассаҳо)-и Варзишгоҳи марказии пойтахт ва мағозаи расмии даста «Joma» бо суроғаи: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 ба роҳ монда шудааст.

Билетҳо ду навъанд: як билети дараҷаи аввал ба минбари асосии варзишгоҳ (қисматҳои 2 ва 3) 50 сомонӣ ва боқимонда билетҳои дараҷаи 2-юм ба се минбарҳо (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) – 20 сомонӣ нарх доранд.

Ёдрас мекунем, ки бозии 1/8 финалии Лигаи чемпионаҳои КФО-2021 байни тимҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Персеполис” (Эрон) рӯзи 14 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад. Оғози бозӣ – соати 20:00.

Дафтари матбуоти “Истиқлол” аз ҳамаи мухлисон даъват кардааст, ки ба варзишгоҳ омада, қаҳрамони Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.