Шоуи 500 дрон дар фазои Душанбе. Чӣ гуна буду чиро нишон доданд?

Бори нахуст дар Тоҷикистон дар чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ шоуи дронҳо (дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин)-ро намоиш доданд. Ҳангоми чорабинии ҷашнӣ дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” аз 500 дрон истифода шуд, ки дар фазои шабонаи пойтахт 9 тасвирро намоиш доданд. Тариқи дронҳо рамзҳои Тоҷикистон тасвир ёфтанд: харитаи кишвар, нишони миллӣ, тоҷ бо нимдоира аз иборат аз 7 […]

Asia-Plus

Бори нахуст дар Тоҷикистон дар чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ шоуи дронҳо (дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин)-ро намоиш доданд. Ҳангоми чорабинии ҷашнӣ дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” аз 500 дрон истифода шуд, ки дар фазои шабонаи пойтахт 9 тасвирро намоиш доданд.

Тариқи дронҳо рамзҳои Тоҷикистон тасвир ёфтанд: харитаи кишвар, нишони миллӣ, тоҷ бо нимдоира аз иборат аз 7 ситора, чанбар – рамзи муҳаббат бо рангҳои парчами миллӣ, пояи “Истиқлолият ва озодӣ”, инчунин навиштаи “Истиқлолият муборак бод!” бо имзои президент Эмомалӣ Раҳмон.

Ин чорабиниро шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо як ширкати Чин созмон дод.

“Имрӯз соати 19:00 дар майдони назди Нишони миллӣ консерти идона ва шоуи 12-дақиқаинаи дронҳо баргузор мешавад, ки зиёда аз 13 тасвирҳои навро намоиш медиҳанд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдорӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.