Рӯзҳои наздик Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад

Рӯзҳои 11-12 сентябри соли ҷорӣ аксари минтақаҳои Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад. Ғайр аз ин, суръати вазидани шамол то 15-20 м/сония мерасад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад, вилояти Хатлон, хусусан шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дустӣ ва шаҳру […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 11-12 сентябри соли ҷорӣ аксари минтақаҳои Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад. Ғайр аз ин, суръати вазидани шамол то 15-20 м/сония мерасад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад, вилояти Хатлон, хусусан шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дустӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва Рӯдакиро фаро мегирад.

Гуфта мешавад, бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера  аз моддаҳои муаллақ (чанг) ва зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10), Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5мкр)  дар назар аст.

Агентӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, минтақаҳои камшамол, инчунин корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар намудан худдорӣ намоянд.

Таъкид мешавад, ки шароити мазкур ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила, беморони диққи нафас ва қалб таъсири манфӣ дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.