“Уральские авиалинии” барои мусофирон аз Тоҷикистон маркази дастгирӣ боз кард

Ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии" барои мусофирон аз Тоҷикистон маркази робита роҳандозӣ мекунад, хабар дода мешавад дар торнамои ширкат. Хатти нави хадамоти дастгирӣ тариқи телефони +992 77-777-0808 дастрас аст. Ҷадвали корӣ аз соати 08:00 то 18:00 муқаррар шудааст. Тавре дар хабар зикр мешавад, занг задан аз Тоҷикистон бепул аст. Кормандони хадамот бо забони тоҷикӣ ва русӣ […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии" барои мусофирон аз Тоҷикистон маркази робита роҳандозӣ мекунад, хабар дода мешавад дар торнамои ширкат.

Хатти нави хадамоти дастгирӣ тариқи телефони +992 77-777-0808 дастрас аст.

Ҷадвали корӣ аз соати 08:00 то 18:00 муқаррар шудааст.

Тавре дар хабар зикр мешавад, занг задан аз Тоҷикистон бепул аст.

Кормандони хадамот бо забони тоҷикӣ ва русӣ гуфтугӯ карда метавонанд.

“Мо ба шумо дар харидани билет, фармоиши хизматрасонии иловагӣ, ислоҳи хатогиҳо дар билет кумак карда, дар бораи қоидаҳои вуруд ба Русия машварат дода метавонем. Инчунин ба дигар саволҳои мавриди таваҷҷуҳатон низ посух медиҳем”, – иттилоъ медиҳад ширкати ҳавопаймоӣ.

"Уральские авиалиниии" аз 22 шаҳрҳои Русия ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ва бозпас парвозҳо анҷом медиҳад. Ҷадвали парвоз ва билетҳо дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ қобили дарёфт мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.