“Толибон” хабари кушта шудани яке аз роҳбаронашонро рад карданд

“Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) хабари кушта шудани Абдулғанӣ Бародар (Мулло Бародар), иҷрокунандаи муовини сарвазири ҳукумати "Толибон”-ро рад кардаанд. Дар ин бора, имрӯз, 13 сентябр сухангӯи дафтари сиёсии “Толибон” Муҳаммад Наим Вардак бо пахши изҳороти аудиоии худи Мулло Бародар хабар додааст. Изҳороти ҷониби “Толибон” дар ҳолест, ки субҳи 13-уми сентябр хабари кушта шудани Мулло […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

“Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) хабари кушта шудани Абдулғанӣ Бародар (Мулло Бародар), иҷрокунандаи муовини сарвазири ҳукумати "Толибон”-ро рад кардаанд. Дар ин бора, имрӯз, 13 сентябр сухангӯи дафтари сиёсии “Толибон” Муҳаммад Наим Вардак бо пахши изҳороти аудиоии худи Мулло Бародар хабар додааст.

Изҳороти ҷониби “Толибон” дар ҳолест, ки субҳи 13-уми сентябр хабари кушта шудани Мулло Бародар аввал дар расонаҳо ва сомонаҳои иҷтимоии Ҳиндустон ва баъдан, дар Тоҷикистон зуд паҳн гардид. Аксарият мегуфтанд Мулло Бародар шаби 12-ум аз дасти Мавлави Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии “Толибон” дар пайи як баҳси мансаб кушта шудааст.

Дар ин навори видео худи Абдулғанӣ Бародар хабари кушта шуданашро “дурӯғ ва таблиғ” номида, гуфтааст, ки “чанд шаби охир дар сафар будам ва ҳоло дар куҷое ки бошам, ҳамаамон хуб ҳастем."

Сухангӯи дафтари сиёсии “Толибон” сабаби паҳни чунин хабарҳоро мухолифати беасос ба ин гурӯҳ маънидод кардааст.

Дар гузашта дар бораи раҳбари “Толибон” Ҳайбатуллоҳ Охундзода низ овозаҳое паҳн шудааст, ки гуё ӯ чанд сол пеш мурдааст, вале сухангӯи ин гурӯҳ пас аз ду ҳафтаи гирифтани Кобул гуфта буд, ӯ зинда ва дар Қандаҳор аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.