Ӯзбекистону Туркманистон ба содироти сӯзишворӣ ба Афғонистон оғоз карданд

Ӯзбекистон ва Туркманистон ба содироти сӯзишворӣ ва газ ба Афғонистон оғоз карданд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони Ariana News бо истинод ба маълумоти Палатаи савдо ва сармоягузории вилояти Балхи Афғонистон. Тавре хабаргузории “Фергана” менависад, интиқол аз Туркманистон тариқи гузаргоҳи марзии “Акина”, воқеъ дар вилояти Форёби Афғонистон ва Ӯзбекистон – тариқ гузаргоҳи “Хайратон” вақеъ дар вилояти Балх […]

Asia-Plus

Ӯзбекистон ва Туркманистон ба содироти сӯзишворӣ ва газ ба Афғонистон оғоз карданд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони Ariana News бо истинод ба маълумоти Палатаи савдо ва сармоягузории вилояти Балхи Афғонистон.

Тавре хабаргузории “Фергана” менависад, интиқол аз Туркманистон тариқи гузаргоҳи марзии “Акина”, воқеъ дар вилояти Форёби Афғонистон ва Ӯзбекистон – тариқ гузаргоҳи “Хайратон” вақеъ дар вилояти Балх анҷом дода мешавад.

Ба иттилои шабака, азсаргирии содирот дар пасманзари шикоятҳои соҳибони мошинҳо ва сокинони Балх дар робита ба болоравии нархи сӯзишворӣ ва газ сурат мегирад.

Як ронандаи таксӣ аз ин вилоят ба хабарнигорон гуфтааст, ки тайи чанд ҳафтаи охир бинобар гарон будани нарх фоида ба даст наовардааст.

Соҳибони мошинҳо ҳукумати нави Афғонистон – Толибонро ба назорати вазъият ва маҷбур кардани таъминкунандагон ба поин бурдани нархҳо даъват намуданд.

Сокинони Балхи ҳамсарҳад бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон гуфтаанд, барои 1 литр бензин 61 афғонӣ ва 1 литр гази моеъ 70 афғонӣ пардохт мекунанд. Айни замон 1 доллар дар ин кишвар ба ҳисоби миёна бо 82 афғонӣ иваз мешавад.

Палатаи савдо ва сармоягузории Балх изҳор доштааст, ки маҳдудиятҳо дар гардиши доллари ИМА боиси якбора боло рафтани нархҳо гардидааст. Зикр мешавад, ки маҳдудиятҳои содироти доллари ИМА аз Афғонистонро худи Толибон пас аз ба қудрат расидан дар Кобул дар миёнаҳои моҳи август ҷорӣ карда буданд.

Қобили зикр аст, ки 70% сӯзишворӣ ва гази дар Афғонистон истеъмолшаванда тавассути се гузаргоҳи шимолӣ ворид карда мешавад, аммо дар тӯли якчанд ҳафта воридот ба сабаби ҷангҳо дар шимоли кишвар қатъ ва ҳангоме ки вазъ ба эътидол омад, таъминот бо сабаби мавҷуд набудани асъори хориҷӣ барои ҳисоббаробаркунӣ барқарор карда нашуд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.