Дар Самарқанд доир ба Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ филми ҳунарӣ ба навор мегиранд

Зимни сафари моҳи июни президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сарони давлатҳо аз пешниҳоди ба навор гирифтани филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстиву рафоқати ду нафар гузаштагони маъруфи ҳар ду кишвар Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ҷонибдорӣ намуданд. Тавре хадамоти матбуоти Сарраёсати сайёҳӣ ва варзиши вилояти Самарқанд иттилоъ медиҳад, 12 сентябр як ҳайати кинематографистон (таҳиягарони филм)-и Тоҷикистон […]

Зимни сафари моҳи июни президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сарони давлатҳо аз пешниҳоди ба навор гирифтани филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстиву рафоқати ду нафар гузаштагони маъруфи ҳар ду кишвар Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Тавре хадамоти матбуоти Сарраёсати сайёҳӣ ва варзиши вилояти Самарқанд иттилоъ медиҳад, 12 сентябр як ҳайати кинематографистон (таҳиягарони филм)-и Тоҷикистон ба Самарқанд сафар карданд.

Гуфта мешавад, дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо ҳайати профессрону омӯзгорони иборат аз олимони таърихшинос ва коргардонҳои филмҳо вохӯрӣ доир гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ пешниҳод шудааст, ки маконҳои муайяни наворбардории филм, ки дар зиндагии шоирон нақши муҳим бозидаанд, баррасӣ карда шаванд.

Дар назар аст, ки таҳияи филми мазкур ба афзоши сафи сайёҳон ба Самрқанд мусоидат хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.