Раёсати тандурустӣ: Дар беморхонаҳои Суғд 24 бемори COVID-19 боқӣ мондааст

Мақомоти тандурустии вилояти Суғд баъди се моҳи эълони расмии вуҷуди дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон гуфтанд, дар ин вилоят авҷи хурӯҷи сироятёбӣ гузашт ва ғалабаи комил бар  коронавирус наздик аст. Ба иттилои маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба ҳолати 14-уми сентябр дар ҳамаи беморхонаҳои вилоят 24 бемори коронавирус бистарӣ ҳастанду халос. – Аз […]

Ҳалим Ҷураев, Asia-Plus

Мақомоти тандурустии вилояти Суғд баъди се моҳи эълони расмии вуҷуди дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон гуфтанд, дар ин вилоят авҷи хурӯҷи сироятёбӣ гузашт ва ғалабаи комил бар  коронавирус наздик аст.

Ба иттилои маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба ҳолати 14-уми сентябр дар ҳамаи беморхонаҳои вилоят 24 бемори коронавирус бистарӣ ҳастанду халос.

– Аз ин 17 нафарашон дар Беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ ҳастанд”, – гуфт Ҳоҷибоев.

Ба таъкиди мавсуф, давоми чанд ҳафтаи охир сироятёбӣ ва бистаришавӣ аз COVID-19 дар вилоят коҳиш ёфтааст.

– Сабаби асосии ба зудӣ коҳиш ёфтани сатҳи беморӣ дар вилоят ин ваксингирии дастаҷамъонаи аҳолӣ, риояи беҳдоштӣ, риояи гигенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва фосила аст, – мегӯяд Маъруф Ҳоҷибоев.

Ба иттилои манбаъ, то ҳол 31,2%-и сокинони аз 18-солаи болои вилоят ваксина гирифтаанд.

Ҳоҷибоев гуфт, ки дар вилояти Суғд 1 миллиону 700 нафар сокинони аз 18-сола боло бояд эм карда шаванд. Ҳоло  539 ҳазору 511 нафар бахши якуми ваксинаро гирифтаанд, ки 31,2%-и гурӯҳи мақсаднокро ташкил медиҳад. Шумораи сокинони ҳарду бахши ваксинаро гирифта 295 ҳазору 655 нафар аст.

Мақомот ҳамчунин, мегӯянд, дар пайи коҳиши бемории коронавирус калонтарин Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ва Беморхонаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки се моҳи охир ба реҷаи “карантин” кор мекард, чанд рӯз пеш ба кори муқаррарӣ шурӯъ кард.

Ёдовар мешавем, ки сардори Раёсати тандурусии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода дар нишасти матбуотии охири ниҳоди зери роҳбариаш  гуфта буд. ки аз оғози пандемияи коронавирус (1-уми майи 2020) то 3-уми августи соли ҷорӣ 44 сокини вилояти Суғд қурбони коронавирус шуданд. Аз ин 14 ҳолати фавтро баъд вуҷуди расмии дигарбораи коронавирус аз 21-уми июни имсол сабти ном кардаанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки коронавируси имсола бештар ба қишри нисбатан ҷавонтари аҳолӣ сироят ёфт ва ҳолатҳои марг ҳам кам набуд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мақомоти тандурустии кишварро ба пешниҳод накардани омори дақиқи гирифторон ва фавтидагони COVID-19 гунаҳкор мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.