Тоҷикистон ба сафири ИМА нотаи эътирозӣ супорид

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 14 сентябр сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА) дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват гардида, ба ӯ ёддошти эътирозӣ супорида шуд. Гуфта мешавад, ки ин ёддошт дар робита ба ба суханони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷо Байден, ки зимни боздид аз […]

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 14 сентябр сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА) дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват гардида, ба ӯ ёддошти эътирозӣ супорида шуд.

Гуфта мешавад, ки ин ёддошт дар робита ба ба суханони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷо Байден, ки зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилванияи ИМА садо дод, супорида шудааст.

Бояд гуфт, ки раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи 11-уми сентябр дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи бист сол пеш дар шаҳри Шансквили иёлати Пенсилвания бо ишора ба чархи ҳавопаймо овезон шудани чанд сокини Афғонистон (ҳангоми фирор аз он кишвар) гуфт, "агар дар Тоҷикистон ҳам ҳавопаймо меомаду эълон мекард, ки касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад, одамон ба чархи ҳавопаймо мечаспиданд".

– Бисёр душвор аст, ки ба дигарон фаҳмонӣ, ки чӣ гуна метавон хориҷ шуд. Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва як ҳавопаймои “С-130”-ро оварда мегуфтем: “ҳар касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад”, боз ҳам одамон дар чарх (манзур ҳавопаймо) овезон мебуданд”, – шарҳ дода буд Ҷо Байден.

Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон “чунин суханҳо ба руҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошад”.

Гуфта шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо ИМА дар руҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.