Се шаҳрванди Тоҷикистон дар Новосибирск даруни мошин зинда ба зинда сӯхтанд

Се шаҳрванди Тоҷикистон субҳи 18 сентябр дар маркази шаҳри Новосибирски Русия даруни автомашина зинда ба зинда сӯхтанд. Тавре МК Новосибирск бо истинод ба Раёсати БДА дар ин шаҳр хабар медиҳад, автомашинаи Volkswagen Polo-ро онҳо ба иҷора гирифта будаанд. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, автомашина бо суръати баланд ҳаракат карда, дар натиҷа ба поячӯби чароғи рӯшноидҳанда бармехӯрад. […]

Asia-Plus

Се шаҳрванди Тоҷикистон субҳи 18 сентябр дар маркази шаҳри Новосибирски Русия даруни автомашина зинда ба зинда сӯхтанд.

Тавре МК Новосибирск бо истинод ба Раёсати БДА дар ин шаҳр хабар медиҳад, автомашинаи Volkswagen Polo-ро онҳо ба иҷора гирифта будаанд.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, автомашина бо суръати баланд ҳаракат карда, дар натиҷа ба поячӯби чароғи рӯшноидҳанда бармехӯрад. Пас аз бархӯрд расиши симу ноқилҳо ба вуҷуд омада, автомашина оташ мегирад.

Ба иттилои манбаъ, автомашина бо одамоне, ки дар дохили он буданд, пурра сӯхтааст.

Зикр мегардад, ки ҳодисаи мазкур айни замон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.