“Толибон” забони ӯзбекиро аз мақоми расмӣ маҳрум карданд

Ҳаракати тнудгарои “Толибон” (фаъолияташ дар бисёре аз кишварҳо манъшуда) қонуни муваққатӣ қабул кард, ки мувофиқи он забони ӯзбекӣ аз мақоми расмӣ дар Афғонистон маҳрум мешавад. Дар ин бора хабаргузории “Лента.ру” бо истинод ба РИА Новости иттилоъ медиҳад. Мувофиқи қонуни қабулшуда бо номи "Асосҳо", дар кишвар танҳо забони пашту ва дарӣ забони давлатӣ боқӣ монда, исломи […]

Ҳаракати тнудгарои “Толибон” (фаъолияташ дар бисёре аз кишварҳо манъшуда) қонуни муваққатӣ қабул кард, ки мувофиқи он забони ӯзбекӣ аз мақоми расмӣ дар Афғонистон маҳрум мешавад. Дар ин бора хабаргузории “Лента.ру” бо истинод ба РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Мувофиқи қонуни қабулшуда бо номи "Асосҳо", дар кишвар танҳо забони пашту ва дарӣ забони давлатӣ боқӣ монда, исломи суннии мазҳаби ҳанафӣ ягона дини расмӣ эътироф шудааст.

Ҳамзамон, зикр мегардад, ки то ҳол дар кишвар як ҷомеаи назарраси шиъаҳо мавҷуд буда, дар музофотҳои шимолӣ мардуми зиёди ӯзбекзабон зиндагӣ мекунанд.

Дар қонун ҳамчунин таъсиси шӯрои ҳуқуқшиносони исломӣ ва шӯрои олӣ дар Афғонистон пешбинӣ шудааст, ки ба он сиёсатмадорон, олимон ва рӯҳониёни ҳар як минтақа шомил мешаванд. Роҳбари ҳокимияти иҷроия президент аст, ки аз ҷониби шаҳрвандон ва аъзои шӯрои олӣ интихоб карда мешавад.

Илова бар ин, санад намояндагони Ассамблеяи миллии Афғонистонро аз дахлнопазирии парлумонӣ маҳрум карда, Рӯзи Истиқлолиятро аз Бритониё, Русия ва Амрико ҳамчун ҷашн муқаррар кардааст.

Қаблан намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов дар ин робита изҳор дошта буд, ки “Толибон” ба мақомоти Ӯзбекистон нигоҳ доштани мақоми расмии забони ӯзбекиро дар Афғонистон кафолат медиҳанд ва ваъда доданд, ки ба омӯзиш ва рушди он дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.