Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба водии Рашт рафт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба волдии Рашт раҳсипор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар доираи ин сафар президент дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, иштирок карда, бо вазъи соҳаи кишоварзӣ аз наздик шинос мешавад ва бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба волдии Рашт раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар доираи ин сафар президент дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, иштирок карда, бо вазъи соҳаи кишоварзӣ аз наздик шинос мешавад ва бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш суҳбату мулоқот мекунад.

Гуфта мешавад, сафари кории сарвари давлат аз ноҳияи Сангвор оғоз гардида, нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин бинои нав аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 540 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншооти навбунёд дорои 29 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Сипас президенти мамлакат дар маросими ба истифода додани меҳмонхонаи “Таҳмина” дар маркази ноҳия иштирок кард.

Меҳмонхона аз 4 ошёна иборат буда, бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Мустафо Абдуллоев бунёд карда шудааст. Меҳмонхонаи навбунёд имкони қабули 25 нафар мизоҷ дар як вақтро доро аст. Иншооти муосири хизматрасонӣ ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.