Боздошти як зан дар ноҳияи Рӯдакӣ барои ғоратгарӣ. Пас аз шаш сол

Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ зани 48-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, гумонбаршуда моҳи майи соли 2015 аз маркази савдои воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи зикршуда бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ рулонҳои матоъи занонаро, ки ба […]

Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ зани 48-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, гумонбаршуда моҳи майи соли 2015 аз маркази савдои воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи зикршуда бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ рулонҳои матоъи занонаро, ки ба зани 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ҳамин ноҳия тааллуқ доштанд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Барои ҷинояти шаш сол пеш содиршуда ба ин зан ҷазои то 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.