Ҳалокати 8 нафар бар асари ҳамлаи донишҷӯи мусаллаҳ ба Донишгоҳи давлатии Перм

Донишҷӯи 18-сола Тимур Бекмансуров либоси ҳарбӣ дар бар субҳи 20 сентябр дар кампуси донишгоҳ аз силоҳи оташфишон тирпаронӣ карда, сипас ба бинои ҳаштуми донишгоҳ ворид мешавад. Тавре Медуза менависад, ӯ аз силоҳи Huglu на камтар аз 30 тир холӣ кардаааст. Бар асари он донишҷӯён худро аз тиреза берун партофта, аксарият дар синфҳо худро маҳкаму кардаву […]

Asia-Plus

Донишҷӯи 18-сола Тимур Бекмансуров либоси ҳарбӣ дар бар субҳи 20 сентябр дар кампуси донишгоҳ аз силоҳи оташфишон тирпаронӣ карда, сипас ба бинои ҳаштуми донишгоҳ ворид мешавад.

Тавре Медуза менависад, ӯ аз силоҳи Huglu на камтар аз 30 тир холӣ кардаааст. Бар асари он донишҷӯён худро аз тиреза берун партофта, аксарият дар синфҳо худро маҳкаму кардаву сангар гирифтаанд.

Тавре Кумитаи тафтишот хабар медиҳад, бар асари тирпаронӣ 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар Вазорати тандурустӣ зикр кардаанд, ки ин кори дасти донишҷӯи ҳамин донишгоҳ аст. Ӯро боздошт кардаанд, ҳарчанд қаблан зикр гардида буд, ки ӯ кушта шудааст, лекин ин маълумот тасдиқи худро наёфт. Дар ҷараёни боздошт ӯ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, захм бардоштааст.

Тибқи маълумоти Mash, Тимур Бекмансуров дар риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ аз рӯи ихтисоси “Ташхиси судӣ” таҳсил дошта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштае боқӣ гузоштааст, ки дар он дархост мешавад рафтори ӯро амали террористӣ нашуморанд ва ӯ узви ягон созмонҳои террористӣ нест.

Дар навиштаи ӯ чунин зикр шудааст: “Худро чашми дидан надорам, лекин ба ҳамаи касоне, ки сари роҳам меистанд, зарар расонидан мехоҳам”.

“Дар ин бора кайҳост инҷониб фикр мекардам. Солҳо сипарӣ мешуданд ва ман фаҳмидам, ки вақти он фаро расид, ки орзуямро амалӣ кунам”, – зикр мешавад дар навиштаи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, менависад нашрияи anna-news.infо.

Ӯ муфассал дар бораи чӣ тавр аз назорати табиби руҳшинос гузаштанаш, харидани силоҳ ва омодагӣ ба ҳамла маълумот додааст.

Нахуст ӯ ба мактабе, ки қаблан дар он таҳсил мекардааст, ҳамла карданӣ буда, лекин охири моҳи март тасмимашро тағйир медиҳад. Менависад, ки “мактаб ҷойи хеле нофорамест, ки 10 дақиқаи охири ҳаёти худро дар он гузаронӣ”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.