S7 аз моҳи ноябр парвозҳоро аз Томск ба Тоҷикистон оғоз мекунад

Ширкати S7 Airlines дар ҷадвали зимистонаи хатсайрҳояш парвозҳои доимиро аз фурудгоҳи “Богашево” (ш.Томск) ба шаҳрҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба нақша гирифтааст. Дар ин бора дар сервиси "Яндекс. Расписания" маълумот дода мешавад, менависад Интерфакс. Гуфта мешавад, ба ин тариқ, ширкати ҳавопаймоии мазкур ба чор шаҳри Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб парвозҳоро оғоз мекунад. Парвозҳо ба ҳар […]

Asia-Plus

Ширкати S7 Airlines дар ҷадвали зимистонаи хатсайрҳояш парвозҳои доимиро аз фурудгоҳи “Богашево” (ш.Томск) ба шаҳрҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба нақша гирифтааст. Дар ин бора дар сервиси "Яндекс. Расписания" маълумот дода мешавад, менависад Интерфакс.

Гуфта мешавад, ба ин тариқ, ширкати ҳавопаймоии мазкур ба чор шаҳри Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб парвозҳоро оғоз мекунад.

Парвозҳо ба ҳар кадоме аз самтҳо ҳафтае як маротиба то охири моҳи марти соли 2022 анҷом дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, оғози парвозҳо аз 6 ноябр ба нақша гирифта шудааст.

Хатсайри Томск-Ош (Қирғизистон)-ро низ ширкати ҳавопаймоӣ бо ҳамин гуна ҷадвал ба роҳ мемонад.

Парвозҳои мунтазам аз Томск ба Осиёи Марказӣ аз солҳои 90-ум қатъ шуда буданд. Ягона истисно як парвози ширкати ҳавопаймоии Ural Airlines дар моҳи феврали соли 2015 ба Ош аст, ки ин парвоз муқаррарӣ эълон шуда, аммо пас аз ягона парвоз бо сабаби кам будани талабот бекор карда шуд.

Фурудгоҳи Богашево соли 1967 ба истифода дода шудааст. Ҳоло он бо 11 ширкати ҳавопаймоии Русия ҳамкорӣ мекунад, ки ба 19 самти дохили кишвар парвоз мекунанд. Соли 2020 ҳамлу нақли мусофирон тариқи фурудгоҳи “Богашево” 2,2 баробар – то 348,8 ҳазор нафар кам шуд.

S7 яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аст, ки аз ҷониби ҳамсарон Владислав ва Наталя Филевҳо таъсис ёфтааст. Ширкати ҳавопаймоӣ дар Маскав "Домодедово" ва Новосибирск "Толмачево" ҷойгир аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.